- ангушт
- [انگشت]1. қисми охирини мутаҳаррики даст ва пои одам, ки маъмулан панҷтоӣ мешаванд, чиллик, лелак2. воҳиди ченак, ки баробари паҳнои як ангушт аст: чор ангушт, панҷ ангушт; ангушти беном ангушти чорум, бинсир; ангушти дароз // ангушти васат ангушти сеюм, ангушти миёна; ангушти зоид ангушти шашум (дар баъзе одамон), ангушти баракат; ангушти ишорат (ишоратӣ) ангушти дувум баъд аз ангушти калон, ангушти саббоба; ангушти калон нарангушт, ангушти ибҳом; ангушти хурд ангушти панҷум, ангушти хинсир; ангушти шаҳодат ниг. ангушти ишорат◊ ангушт дар даҳон ҳайрон, дар тааҷҷуб монда; ангушт (ба дандон) газидан // ангушти ҳайрат ба дандон газидан ҳайрону вола шуда мондан; ангушт бар лаб ниҳодан барои хомӯш (ҷим) шиштан ва гап назадан ишора кардан; ангушт бар чашм ниҳодан итоат ва фармонбардорӣ кардан; ба ангушт риш хилол кардан бо панҷаҳо ришро шона задан; бо пушти ангушт мӯйлаб молидан изҳори кибру ғурур кардан; панҷ ангушташ ҳунар бисёр ҳунарманд, хеле кордон ва моҳир; панҷ ангушт якбора ба даҳон андохта… ҳарисона ва тамаъкорона чанд корро якбора карданӣ шуда (аммо кореро анҷом дода натавониста)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.